БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТ БО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ОНҲО АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

ХУРОСОН : Дар доираи корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ мулоқоту вохӯрӣ бо ҷавонон ҷиҳати пешгирии онҳо аз падидаҳои номатлуби ҷомеа дар муассисаи таълимии №52-и Ҷамоати деҳоти Ҳилоли бо иштироки масъулини Кумита баргузор гардид. Дар чорабинӣ оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, нашъамандӣ, зӯроварӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳои судманд доир карда шуданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ буда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонун ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши илм, касбу ҳунар ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Иштирокчиён чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон