БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидаткунанда ба зиндагии шоиста

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқотҳо  дар ташкилоту муассисаҳо, деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ дар нимаи дуюми соли 2018 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Меҳробод 1-и  ҷамоати  деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории  вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза қайд кард, ки ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо меръоси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳимми фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд. Дар айни замон, эҳёи корҳои хонагӣ шиддати бекориву камбизоатиро паст намуда, рушди бемайлони иқтисодиётро таъмин месозад.

Ҳамзамон, дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида,  аз тарафи бонуи ҳунарманд Сабурова Омина ҳунарҳои миллии дастӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg