БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас масъулияти ҳамагон аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо» тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ширкат варзиданд.

Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандустӣ  суханронӣ намуда, қайд карданд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, дар руҳияи  инсондӯстӣ, ифтихори  ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ ва ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа мебошад.

Инчунин, дар ин роста дар бораи  ҳуқуқи кӯдак доир ба таълиму тарбия, риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, бахусус «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамкории зичи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ суҳбатҳои ошкоро доир карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо  ҷиҳати беҳтар намудани камбудиҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас баён гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg