
ВОСЕЪ: Имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Бо ташаббуси ин мард футбол ҷаҳонӣ шуд» баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни аксия ба ронандагон ва сокинон аксҳои Рустами Эмомалӣ тақдим гардида, саҳми ӯ дар рушди соҳаи футбол ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид карда шуд.
Иштирокчиёни аксия иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи ӯ футболи тоҷик ба сатҳи нави рушд расида, нуфузи варзиши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бештар гардидааст

















