
Зери ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ шоми 22-юми май дар майдони Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар бо иштироки Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовинони раис, мудирони шуъбаҳои кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар ва раисони ташкилотҳои ибтидоию аъзои фаъоли ҳизб баргузор гардид.
"Мо - роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор мекунем, ки аз шумораи умумии ҳамсафони мо 35 фоизашонро ҷавонон ташкил мекунанд. Ин ҳамсафони ҷавони мо дар баробари таҳсил, дар ҳама соҳаҳо кору меҳнати созанда доранд. Озмунҳои ҷумҳуриявии "Илм — фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва ҳоказоро низ маҳз ҷавонон зиннат мебахшанд.
Воқеан, дар баробари ин санаи фархунда, 25-уми май Рӯзи байналмилалии футбол аст, ки он бо ташаббуси Тоҷикистон мақоми ҷаҳонӣ касб кардааст. Дар ҳошияи ҳамин чорабинӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳоло як аксия барпо карда, ба ҷавонон яктоӣ тӯби футбол тақдим мекунад, бо таманнои ин, ки Тоҷикистон, ба пеш, ҳамеша ба пеш! Ҷавонон, ба пеш, ҳамеша ба пеш!", - зикр кард раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарояндагону навозандагони хушсадо, раққосони хушадо ва ҳаҷвнигорони хушзавқи дастаҳои ҳунарии Муҳаммаднасими Суҳроб ва Даврони Асадулло, ки ҳамагӣ ҷавон ҳастанд, ба тамошобинон намунаи санъати воло тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ба нақши ҷавонон дар рушди илму фарҳанг, варзиш ва пешрафти давлат арҷ гузошта мешавад.

















