БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ХУРД МИЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲИЗБИИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

КЎШОНИЁН: Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳо аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" ва "Раёсати молия" дар фазои дӯстона ва рақобати солим баргузор гардид.

Дар рафти мусобиқа дастаҳо маҳорати баланди варзишӣ, ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи қавӣ нишон дода, барои ба даст овардани ғолибият ва ҷоми ҲХДТ талош намуданд.

Чорабинии варзишӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва оммавигардонии футбол саҳми арзанда гузошт. Дар анҷоми мусобиқа, дастаҳои ғолиб баромада, барои бозии финал номнавис гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон