
КЎШОНИЁН: Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳо аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" ва "Раёсати молия" дар фазои дӯстона ва рақобати солим баргузор гардид.
Дар рафти мусобиқа дастаҳо маҳорати баланди варзишӣ, ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи қавӣ нишон дода, барои ба даст овардани ғолибият ва ҷоми ҲХДТ талош намуданд.
Чорабинии варзишӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва оммавигардонии футбол саҳми арзанда гузошт. Дар анҷоми мусобиқа, дастаҳои ғолиб баромада, барои бозии финал номнавис гардиданд.


















