
ФАРХОР: Зимни ифтитоҳии мусобиқа Вализода Муҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамасола шоҳиди навгониҳо ва иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии кишвари азизамон гардида истодаем. Бахусус, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, нуфузу мартаба ва обрӯву эътибори кишвари азизамон рӯз аз рӯз дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо бештар мегардад. Бешак, имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аз он ифтихор менамояд, ки шаш ташаббуси сатҳи байналмилалии кишварамон, мавриди пазириши ҷаҳониён қарор гирифта, ҳамаи онҳо моҳиятан таблиғи фарҳанги башардӯстона, ҳифзи сайёра ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар арсаи ҷаҳониро доранд.
Ҳамин тариқ, ташабуси навбатии ҷониби Тоҷикистон, ки санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ, аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид, як иқдоми наве дар пайравӣ аз иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни пешниҳоди таҷлили Рӯзи ҷаҳонии Футбол ба СММ арзиши ин падидаро чунин арзёбӣ намуда буданд: «Ин як намуди варзиш, падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад».


















