
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мизи мудаввар таҳти унвони "Мо ҷавонон созандагони ватанем!" ба ифтихори "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" ва "Рӯзи ҷаҳонии футбол" дар толори шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳия баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ Бобомуродзода Мижгон сармутахассиси шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шарифзода Рамазон И.в. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Боймуродзода Фирдавс мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Табарзода Сино сармутахассиси шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳия ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат, идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва нерӯи созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ассосиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар СММ Қатънома дар бораи "25 май – Рӯзи ҷаҳонии Футбол" қабул гардид.
Дар фарҷом якчанд фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сарфароз гардиданд.


















