БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сари Хосор Ғуломов Асомуддин Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Муродов Раҷабали оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешарони карданд.
Инчунин оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории ин вохӯрӣ бо Шумо сокинони маҳал дар якҷоягӣ, бо такя аз неруи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандонамон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаронаю террористӣ, иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва умуман қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкуши ва суиқасд ба ҷони худ, тақлиди кур –куронаи либоспушии ба фарҳанги мо бегона ва дигар масалаҳо мебошад.
.