БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ХОНИШИ СИЁСӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ЉАЛОЛИДДИНИ БАЛХЇ: Дар доираи нақша чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ зери унвони "Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ" бо ҷавондухтарони ноҳия баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Шодизода Нозанин мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, зимни мулоқот роҷеъ ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва таҳкими масъулияти шаҳрвандии онҳо таъкид гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон