
Н.ДӮСТӢ: Имрӯз санаи 21.05.2026, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Ҷоми ҲХДТ оид ба футболи хурд дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Расулзода Азимҷон ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ иштирок доштанд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии деҳаву маҳалла ташкил карда шудааст.
Инак дар ноҳияи Дӯстӣ даври аввали Ҷоми ҲХДТ оид ба футболи хурд байни деҳаву маҳаллаҳо ва даври ноҳиявии он байни дастаҳои ғолиб дар маркази ноҳия баргузор карда шуда ғолибони он муайян гардиданд.
Сипас раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ баромад карда қайд намуд, ки санаи 9 майи соли 2024 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсия футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Миллал
и Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи СММ расман "Рӯзи ҷаҳонии футбол" эълон гардад.
Инак аз моҳи майи соли 2024, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25-уми майи "Рӯзи ҷаҳонии футбол" расман ҷашн гирифта мешавад, ки ин боиси фахри мо тоҷикон мебошад.
Дар анҷом ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ, доварон, нишонзани беҳтарин, ҳимоятгари беҳтарин, дарвозабони беҳтарин ва бозигари беҳтарини даври ноҳиявии Ҷоми ҲХДТ оид ба футболи хурд туҳфаҳои хотиравӣ, медалҳо ва ба дастаи ғолиби ҷойи аввал Ҷоми мусобиқаи футболи хурд тақдим карда шуд.


















