БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ "ҲОЛО, КИ МАН ҶАВОНОНАМ, ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ" ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН: Дар доираи таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон чорабинии фарҳангии ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳоло, ки ман ҷавононам, дунё пур аз ҷавонист» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, муовини раиси ноҳияи Ёвон Шарифзода Рустам ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меҳроҷи Абдулҳаким дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулин ҷавононро ба муносибати иди ҷавонон самимона табрик намуда, саҳми арзишманди онҳоро дар пешрафту ободии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат баланд арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногун нақши муассир дошта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат қарор доранд.

Ҳамчунин, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия, ҷавонони фаъол пешкаш гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиб ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ифтихор аз ҷавонӣ ҷамъбаст гардида, ба иштирокдорон руҳияи болидаву хотироти нек эҳдо намуд. Дар қисмати тантанавии чорабини ба як қатор ҷавонони фаъол сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон тақдим гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон