
ЉАЛОЛИДДИНИ БАЛХЇ : Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар якҷоягӣ бо ТҶҶ "Созандагони Ватан" санаи 20 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳия вохӯрӣ бо ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Сулаймонзода Лола, муовини раиси ноҳия - Шукурзода Шаҳло, сармутахассиси шӯъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Бобомуродзода Мижгон Бобомурод, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия - Абдулҳаев Маҳмасаид, Роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳия - Оқилзода Беҳрӯз ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия - Рауфов Фатҳулло иштирок намуданд.
Наврасон ва ҷавонони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳия бо мақсади омӯзиш ва шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия ташриф оварданд.
Нахуст аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия дидан намуда, бо намунаҳои нодири ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва осори қадимаи минтақа шинос гардиданд.
Директори Осорхона Кароматулло Садиров меҳмонон ва ҷавононро самимона пазироӣ намуда, дар бораи таърихи таъсисёбии Осорхона, ганҷинаҳои нигоҳдошташаванда, инчунин арзиши илмӣ ва фарҳангии ҳар як нигора маълумоти муфассал пешниҳод кард.


















