
НОРАК: Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарғиби ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлол” баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди давлату ҷомеа нақши муҳим доранд. Маҳз тавассути донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷавонон метавонанд барои пешрафт ва ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ волонтиёрон ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба дастгириҳои давлат нисбат ба ҷавонон, аҳамияти истиқлолу ваҳдати миллӣ, рушди илму маърифат ва иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, донишу маърифат ва рафтори намунавӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузоранд.

















