
ДАНЃАРА: Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ноҳия ба номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консерти ҳисоботии соли хониши 2025-2026 - и мактабҳои мусиқии бачагонаи ноҳия бо иштироки васеъи хонандагон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Данғара Ҳакимзода Зуҳро, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон оид ба мактабҳои мусиқӣ Боймуродов Сайдмурод, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайдализода Садриддин, мудири шӯъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Суноатзода Ҳасан, сармутахассиси шӯъбаи рушди ичтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара Музаффарзода Майсара ва намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи асарҳои китобии устодони санъати мусиқии тоҷик дидан намуда, сипас муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Зуҳро суханронӣ намуда ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Қайд гардид, ки рушди мактабҳои мусиқӣ, бахусус мактаби сунатии устоду-шогирд, эҳёи суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллиро дар миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ноҳия тақвият бахшанд.
Ҳамзамон мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Суноатзода Ҳасан дар баромади худ зикр доштанд, ки ҷалби наврасон ба мактабҳои мусиқии бачагона метавонад тарбияи дурусти онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳисси баланди зебоипарастӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ заминагузор бошад.
Сипас барномаи омода намудаи мактабҳои мусиқии ноҳия оғоз гардида наврасон дар мавзӯъҳои Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон, Ватан ва ғайраҳо суруду оҳангҳои гурӯҳӣ ва яккаи мумтоз иҷро намуданд.
Инчунин дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор волидайни хонандагон ва муассисаҳои таълимии ноҳия барои тарбияи дурусти фарзандон ва шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои театрӣ-фарҳангӣ ва ба охир расидани мавсими хониши мактабҳои мусиқии бачагона бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ намуданд.


















