
БОХТАР: Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соати сиёси баргузор гардид.
Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ мақсади баргузории “Соати сиёсӣ”- ро шарҳ дода, ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Ватанзода Саидҷафар – мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба нақши ҷавонон дар ҷомеаъ суханрони намуд.
Зимни суханрони қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат мебошанд. Пешрафти ҳар як давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон бо ақлу заковат, нерӯи тоза ва орзуҳои бузург метавонанд ҷомеаро ба сӯи тараққиёт раҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз ҷавонон бояд ба омӯзиши илм, касбу ҳунар ва эҳтироми арзишҳои миллӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҷавони бофарҳанг ва ватандӯст ҳамеша барои ободии Ватан талош мекунад. Ҳар қадар ҷавонон босавод ва фаъол бошанд, ҳамон қадар ояндаи миллат дурахшон мегардад.


















