Зери унвони “Ҷавонон-меросдорони фарҳангу тамаддуни ниёгон”, бахшида ба рӯзи Ҷавонон аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, хатсайр ба мавзеъҳои таърихии якчанд шаҳру навоҳии вилоят ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин хатсайри сайёҳӣ 15 нафар мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Хатсайри сайёҳӣ аз шаҳри Бохтар ба ҷониби ноҳияи Данғара ҳаракат намуд, меҳмононро масъулони ноҳия гарму самими дар маҷмааи таърихии Хурамшаҳр истиқбол намуданд. Меҳмонон дар ин маҷмаа аз ёдгориҳои таърихӣ аз қабили нодиртарин кандакори ва санъати расомию наққошӣ, ки таърихи гузаштагони халқи тоҷикро дар бар мегирифт дидан намуданд. Боиси тазаккур аст, ки Хурамшаҳр бо санъати меъморию кандакорӣ бунёд ва оро дода шуда дар он толорҳои барҳаво, ки дар чуб кандакорӣ шудааст, бозгукунандаи таърихи миллати ҳунарманди Тоҷикон аст.
Пас аз тамошову баҳрабардори аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Данғара, меҳмонон ба ноҳияи Балҷувон барои тамошои қалъаи таърихии Балҷувон ташриф оварданд. Дар назди даромадгоҳи қалъа меҳмононро масъулон бо шеъру таронаҳо гарму самимӣ истиқбол карданд. Меҳмонон аз қалъа, ки асрҳои пеш шоҳон дар он зиндагӣ кардаанд дидан намуда аз табиати зебову оромбахши ин мавзеъ ҳаловат бурданд. Ҳамагон саравал аз утоқҳои мавҷудбудаи қалъа ки ҳар кадом дар замони худ вазифаҳои гуногунро иҷро мекарданд дидан намуданд. Бояд тазакур дод, ки қалъа дар баландӣ аз деҳаҳои атроф ҷойгир буда ҳама тарафҳои деҳаҳои атроф аз болои қалъа ба хуби намоён буда манзараи зебою хотирмонро инъикос мекунад.
Бо тамошои ва баҳрабардори аз қалъаи Балҷувон ҳамагон ба ноҳияи хушманзар ва хуштабиати Ховалинг ташриф оварданд. Меҳмононро дар ноҳия бо суруд ва рақсҳои ҷолибу дидани истиқбол карданд. Меҳмонон дар ин сафари худ аз фурсат истифода бурда аз осорхонаи ноҳияи Ховалинг, ки таърихӣ будани ин мавзеъро бозгӯи мекунад дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ ошно шуданд. Дар ин баробар меҳмонон аз мазори Султон Увайси Қаранӣ, ки яке аз мавзеъҳои маъруфи таърихии ноҳия буда ҳамасола садҳо сайёҳон аз хориҷ ба инҷо ташриф меоранд, дидан карданд.
Саёҳати меҳмонон бо боздид аз мамнуъгоҳи ёдгории таърихии Хутали Қадим, яъне қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ба охир расид. Дар ин мавзеъи таърихи, ки яке аз нодиртарин ва мавзеъҳои таърихии кишварамон ба шумор меравад, бо камоли шавқ ва кунҷкобӣ доир ба таърихи мардуми муқимии хатлонзамин амиқтар ошно гардиданд. Бояд гуфт, ки қалъаи Ҳулбук ба давраи Сомониён рост меояд, он ҳамчун маркази маъмурии Хатлонзамин дар даврони худ хидмат намудааст. Ҳулбук яке аз калонтарин қалъа дар Тоҷикистон ба шумор меравад он дар ҳамвори сохта шуда бо баландӣ ва паҳноии деворҳои муҳофизатияш яке аз пурқудраттарин ҳокимияти замони худро шаҳодат медиҳад. Ҳамчунон меъмории мавҷуд будаи ин макон шаҳодат медиҳад, ки маданияти шаҳрсозии мардуми мо дар гузашта низ беназир будааст.
Акмал Саидзода
“Ҳамрози Халқ”


















