
Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Амиралӣ Ташрифзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок карданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ ва намунаҳои таомҳои миллӣ оғоз гардид.
Шукрона Маҳмадализода иброз дошт, ки маҳз ҳамин ҳунару истеъдоди волои миллати сарбаланди тоҷик боиси сарҷамъию дубора эҳё шудани тамаддуни миллати бостонии мо гардидааст.
Дар қисмати дигари ин чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳои оилаҳои намунавӣ, ки барои дигарон метавонанд сарчашмаи ибрат бошанд, дидан карда, аз заҳмати онҳо дар ҷодаи тарбияи фарзандону аъзои оилаашон дар доираи ахлоқи ҳамида ва дӯст доштани ватан изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қайд кард, ки оила пояи асосии давлату ҷомеа, сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва инсонгароӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ масъалаи таҳкими оиларо яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ медонад. Зеро оила мактаби аввалини тарбия, ватандорӣ ва инсондӯстӣ мебошад.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Солеҳа Қосимзода ироа кард, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи арзишҳои оилавӣ, дастгирии занону модарон ва тарбияи насли наврас тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
“Месазад, ки мо - солмандон бо дарки баланди масъулият оилаҳои ҷавонро раҳнамову роҳбар бошем, зеро устувории давлат аз оилаи солим ва тарбиятдида сарчашма мегирад”, - афзуд ӯ.
Дар фарҷоми чорабинӣ оилаҳои намунавӣ бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Акмал Саидзода,
“Ҳамрози халқ”


















