
ШАҲРИТУС: Дар доираи нақша-чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ бахшида ба "Моҳвораи ҷавонон" бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 14 майи соли 2025 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Тус-и ноҳия бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" ва "Рӯзи ҷаҳонии футбол" чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмадализода Шукрона, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Аҳлиддини Абдуҷалил, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус Музаффариён М., намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбзода Ҷ., инчунин ҷавонону сокинони ноҳия, меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷавононро ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дастгирӣ намуда, барои рушди маънавию ҷисмонӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷавононро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии солим ҳидоят менамояд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои ҷавонон ташкил гардида, ҳунармандону косибони маҳаллӣ маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ манзури ҳозирин гардида, дар бахши варзишӣ миёни ҷавонон мусобиқаҳои дӯстона баргузор шуданд. Инчунин аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба варзишгарони наврас тӯбҳои варзишӣ тақдим гардида, ба як қатор ҷавонони фаъол ва ташаббускор Сипосномаҳо супорида шуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён таассуроти нек бахшид.


















