БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ХОНИШИ СИЁСӢ АЗ РУЙИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ,, ТУҒУЛ”- И МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №51

МИР САЙИДИ  АЛИИ ХАМАДОНЇ : Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия хонишҳои сиёсӣ баргузор гашта истодааст. Бо ин мақсад санаи 13- уми майи соли 2026 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ташкилоти ибтидоии Ҳизбии "ТУҒУЛ"-и ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Мушовири Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сайдамир Вализода оид ба ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Зимни суханрони масъулин қайд намуд, ки бо мақсади пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан,истифодаи дурӯсти шабакаҳои иҷтимои, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулият дар бораи таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонид. Ва имрӯз вазифаи ҳар яки мо тарбияи дурусти насли наврас мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон