
НОСИРИ ХУСРАВ:Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло соати сиёсӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорон, хонандагон ва фаъолони муассиса фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рӯз ибрози андеша карданд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа бояд дорои дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бошанд. Таъкид карда шуд, ки маҳз тавассути илму маърифат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллат метавон барои ояндаи дурахшони кишвар заминаи устувор гузошт.
Ҳамчунин дар ҷараёни соати сиёсӣ оид ба сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа аз арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онҳоро ҳифз намояд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои муқовимат ба падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, бегонапарастӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва обрӯи давлату миллат саҳми арзанда гузоранд.
Иштирокчиёни соати сиёсӣ баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои ободиву пешрафти Ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат ва иҷрои содиқонаи рисолати шаҳрвандии худ кӯшиш менамоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар як омӯзгор ва хонанда бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар роҳи омӯзиш, тарбияи насли ояндасоз ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.


















