БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Аксияи идона таҳти унвони «Фарзанд идомадиҳандаи оила» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Данғара

ДАНҒАРА:Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила санаи 13 май дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Данғара аксияи идона таҳти унвони «Фарзанд идомадиҳандаи оила» бо иштироки муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро, мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Ҷурахонзода Саёҳат, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Аминзода Мунира, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҲХДТ дар ноҳия Мастонаи Қурбоналӣ ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Музаффарзода Майсара баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдоми маърифатӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ва дастгирии оилаҳои ҷавон арзёбӣ гардид.

Дар рафти аксия ба тифлони навзод ва волидони онҳо шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуда, масъулин падару модаронро бо ин рӯйдоди фараҳбахши зиндагӣ табрик намуданд. Қайд гардид, ки фарзанд неъмати бебаҳои зиндагӣ ва идомадиҳандаи оилаву ҷомеа ба шумор меравад.

Муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро зимни суҳбат бо волидон иброз доштанд, ки тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат вазифаи муқаддаси ҳар як оила мебошад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи модару кӯдак ва таҳкими оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Аксияи «Фарзанд идомадиҳандаи оила» дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён эҳсоси хушнудӣ ва рӯҳияи идона бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон