БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - роҳнамои миллати тоҷик ба ояндаи дурахшон

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои банди аввали ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ» хониши сиёсии ҳизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки зиёда аз 22 нафар аъзои фаъоли ташкилоти болозикр ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардид.  

Дар рафти хониши сиёсии ҳизбӣ Фарҳод Обидов атрофи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳои миллӣ, навовариву ихтироот маслиҳатҳои муфид дод.

Дар фарҷоми хониши сиёсӣ  аҳли толор ба Фарҳод Обидов суолҳои худро пешниҳод карда, иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg