
ВОСЕЪ: Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва тибқи нақшаи - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон», бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Дар ҷараёни аксия ба сокинони ноҳия буклетҳои иттилоотию тарғиботӣ тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон арзёбӣ мегардад.


















