БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЛИБОСИ МИЛЛӢ –МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ”

ЉАЛОЛИДДИНИ БАЛХЇ : Имрӯз бо мақсади пешгирӣ аз фарҳанги бегона, ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - Абдулова Кибриё дар маркази ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ –муаррифгари миллат” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур пешгирӣ намудани занону ҷавондухтарон ба либоспӯшии бегона мебошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки либоси миллии тоҷикон, яке аз қисматҳои асосии фарҳанги миллии мо ба шумор меравад.

Дар замони муосир ҷаҳониён моро ба воситаи фарҳанги миллии қадимаамон мешиносанду эътироф менамоянд. Бояд гуфт, ки либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мо ба ҳисоб рафта, он таърихи қадимаи худро дорад. Дар тӯли асрҳо новобаста аз таззодҳои нангин, ки аз ҷониби аҷнабиён ба сари миллати мо оварда шуда буд, фарҳанги миллӣ бахусус либосҳои миллии мо зебоиву шукуҳи худро гум накарда, балки боз тобишҳои нав ба навро ба худ гирифт. Бо гузашти садсолаҳо имрўз шаҳомату зебоии либосҳои миллии тоҷикон сарҳадҳоро убур карда, тасхиркунандаи қалби Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо гардидааст.

Аз қадим ба мо маълум аст, ки модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон