БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ШАҲРИ БОХТАР БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН” БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

БОХТАР: Дар майдончаи варзишии муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маросими кушодашави мусобиқаи футболи хурд миёни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Раҳимзода Меҳроҷ - мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Насриддинзода Рамазон - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Исроил Шарипов - муовини федератсияи футбол дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амирали Сафаралӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар, сардовар, саркотиб, доварон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳбарони дастаҳои футболбозон иштирок доштанд.

Зимни кушодашавии мусобиқаи мазкур Ташрифзода Амирали Сафарали - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иброз дошт, ки Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш фароҳам оварда, имкони сохтмони садҳо толорҳо, варзишгоҳҳо, ҳавзҳо ва марказҳои муосири варзишӣ дар шаҳри Бохтар ба миён омад.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи варзиш ва ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати оммавӣ гардонии варзиш ва баргузории чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор менамояд.

Зимни суханрони , қайд карданд, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби оммавияти варзиш, аз ҷумла варзиши футбол, ривоҷу равнақ бахшидани рушди соҳаи варзиш, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, бо ин мақсад мусоидат намудан дар ҳифзи солимии ҷомеа ва ба ин васила татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи болозикр дар доираи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз оғоз гардид аз санаи 12-ум то санаи 25-уми майи соли 2026 дар майдончаи варзишии муассисаи давлатии “коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” баргузор гардида, дар он 30 дастаи футболбозон аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар миёни ҳам рақобат менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон