
МУЪМИНОБОД: Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар асоси Амри раиси ноҳия доир бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кори дар ҳайати мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Кабутов Саймуддин, мутахассиси бахши рушди иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Разоқов Суҳроб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия, Ҷобирова Зайнурамо, раиси маҳалаи деҳаи Куҳбунён Хоҷаев Сайбурҳон бо усули “Хона – ба Хона” суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо ҳар як сокини маҳала масъалаҳои муҳими рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо сокинон оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ байни ҷавонону наврасон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пешгирӣ аз
хурофотпарастӣ, инчунин, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ даъват ба корҳои созандагӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд

















