
ФАРХОР: Зери ҳамин мафҳул мулоқоти навбатии гурӯҳи кории таблиғотӣ бо хонандагон баргузор карарда шуд. Зимни суханронӣ кайд карданд, ки воқеан саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани гурезаҳо, бо манзили зист ва ҷои кор таъмин намудани онҳо, ба зиндагии осоишта баргардонидани мардуми азияткашида хеле назаррас ва беназир аст. Ба Тоҷикистони ҷангзада овардани сулҳ, субот, амонӣ ва ба роҳи созандагию бунёдкорӣ равона намудани мардум худ қаҳрамонист. Қаҳрамоние, ки таърих амсолашро кам дидааст. Ҳамзмон хизматҳои шоёни Сарвари ҷавонпарвару сулҳпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи насли замони нав, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир, саҳми ҷавонон дар масири давлату давлатсозии навини тоҷикон, ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии неъматҳои истиқлолу ваҳдат, ҷалби мутахассисони баландихтисос ба ҷараёни тарбияи кадрҳои оянда ва сиёсати давлатии ҷавонон зикр карда шуд.


















