БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ЯКҶОЯ БАҲРИ ОБОДИИ МУАССИСА

ДАНҒАРА: Бо мақсади беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ноҳияи Данғара корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.

Дар доираи ин тадбирҳо саҳни муассиса тоза ва кабудизор гардиданд.

Ҳамчунин синфхонаҳо ва роҳравҳои мактаб таъмиру рангубор карда шуда, барои боз ҳам зебо гардидани муҳити таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон дар ин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, барои ободу зебо нигоҳ доштани муассиса саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Маъмурияти муассиса изҳор намуд, ки чунин корҳои ободонӣ минбаъд низ идома ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтар муҳайё карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон