
КЎЛОБ: Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб имрӯзҳо таҳти ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида кумакҳои моддӣ ва маводи ниёзи аввалия дастрас карда шуд.
Кумакҳои пешниҳодшуда зиёда аз 50 номгӯйи маводи заруриро дар бар гирифта, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, оби нӯшокӣ, либос, лавозимоти рӯзгор ва дигар ашёи муҳимро фаро мегиранд.
Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии иҷтимоии аҳолии зарардида ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои оилаҳое мебошад, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд.

















