БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ : Дар асоси дастури бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлати иди умумии  миллӣ ватани азизамон Тоҷикистон тамоми кормандони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба шанбегии умумишаҳри баромаданд.

Шанбегии мазкур дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, Левакант-Данғара бо дастури узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ баргузор карда шуд.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Левакант бо як илҳоми тоза ва ҳисси баланди ватандусти дар тоза намудани як гӯшаи ватани азизамон саҳмгузор намуда омодагии худро дар корҳои ободониву созандаги бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон