БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

ВАХШ: 8-уми майи соли равон, вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар доираи таҷлили "Рӯзи ҷаҳонии футбол" ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Рӯдаки маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташкилотҳои ибтидои барои дарёфти "Ҷоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш" доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматзода Азизулло ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар ноҳияи Вахш Истамзода Машраб ширкат варзиданд.

Қабл аз эълони кушодашавии мусобиқа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматзода Азизулло ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохили Истамзода Машраб баромад намуда, иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки дар пайи пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, самимона шодбош намуданд.

Зимнан, қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни онҳо, татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон, баргузор мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон