БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

ЁВОН: Имрӯз дар доираи ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Ёвон таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” бахшида ба Рӯзи Ғалаба, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди нимпайкараҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шукӯҳу эҳтироми хоса баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳим Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меҳроҷи Абдулҳаким, муовини раиси ноҳия Шарифзода Рустам, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Каримиён Имомназар, кормандони Кумита, инчунин аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни ҷанг гулчанбар гузошта, арҷгузорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки корнамоиҳои фарзандони далери миллат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо намунаи олии ватандӯстӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан мебошад. Ҳифзи хотираи таърихӣ ва гиромидошти қаҳрамониҳои гузаштагон рисолати муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон