БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОЛИМ, ДОНИШМАНД ВА НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ ҶАВОНОН

“Таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба мо ҷавонон ҷиҳати ибрат гирифтан аз аждодони миллатдӯсту ватанпарварамон.

         Дар партави ин сиёсати ҷавонпарварона мо ҷавонони хушбахт вазифаи аслии худро дар созандагиву бунёдорӣ, таҳкими оини давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ мебинем.

         Дар сиёсати Пешвои миллат солимии ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Яъне он нақшаҳои бузурге, ки барои ояндаи босуботи миллату давлати соҳибистиқлоламон дорем маҳз бо шарофати ҷавонони рӯҳану ҷисман солим амалӣ карда метавонем. Бо назардошти ин бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ комплексҳои варзишӣ бунёд ёфта, ҷавонон ба ҳаёти солим ҷалб гашта истодаанд. Аз натиҷаи ин ҳидоятҳои созанда, ки зимни вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонон соли 2013 ироа гардида буд, ҳар рӯзи шанбе ба унвони рӯзи варзиш ва солимгардонӣ шинохта шудааст. Натиҷаи ин буд, ки имрӯз варзишгарони тоҷик дар ҳамаи мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, бо ишғоли ҷойҳои намоён парчамбардори ватани азизамон гашта истодаанд.

         Аз дигар қадамҳои созандаи ҷавонон дар шароити муосири геополитикӣ ин мубориза ба унсурҳое чун терроризму экстримизм мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро санаи 20.01.2016 аз ҳамин мавзӯъ оғоз намуда, аз “шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам” изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин самт моро зарур аст, бо ёдоварӣ аз таҷрибаҳои талхи давлати Сомониён, ки маҳз бо хиёнати рӯҳониёни бегонапараст дарвозаҳои Бухоро ба рӯи душман боз шуд ва мардумро аз мубориза ба онҳо манъ карда буданд ва миллати тоҷик ҳазор сол аз истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллӣ маҳрум монд, ҳушёру зирак бошем. Дар давраи навини соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бо дахолати ҳамин рӯҳониёни асолатбохтаи бегонапараст, ки принсипи “дин аз давлат ҷудо”-ро вайрон карда мехостанд бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷиашон сари қудрат биёянд, наздик буд дубора истиқлолиятамонро аз даст бидиҳем. Тавре мушоҳида мешавад, душманони истиқлолияти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз ин шеваи санҷидашуда умедвор буда, кӯшиш доранд ҷавонони моро мағзшӯӣ кунанд. Нишонаҳои онро мо дар кӯшишҳои сиёсикунонии дин аз тариқӣ сиёсикунонии ришгузорӣ миёни ҷавонон ҳамчун нишонаи ҳаводорияшон аз ҷараёнҳои бегона ва ба либосҳои бегона рӯ овардани ҷавондухтарони тоҷик мебошад. Албатта дар шароити феъли онҳо оқибатҳои даҳшатбори рафтори худро фаҳмида наметавонанд. Ин ҷавонмардону ҷавонзанҳо таҳти таъсири таблиғоти рӯҳониёни асолатбохтаи мо қарор гирифта, воқеоти дар давлатҳои исломӣ таҳти айнан ҳамин шиорҳо рӯйдодаро дида наметавонанд. Албатта дар ин миён на ҳамаи рӯҳониён асолатбохтаву хиёнатпешаанд, аммо он миқдори каме, ки ҳам ҳаст аз онҳо пешгирӣ карда шуд, ки ин беҳтарин ҳимояи мағзи ҷавонон аз вабои асолатбохтагӣ буд. Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла рӯҳониён садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо хизмати софдилонаи худ ва бо пайравӣ аз Пешвои миллат ҷавононро дар роҳи созандагӣ ҳидоят намоянд. Агар мо мехоҳем садоқати худро ба давлатдории миллии худ собит кунем, бояд пеш аз ҳама ҷавононеро, ки дар торҳои анкабути ришҳои сиёсӣ печидаанд, раҳо кунем, ҳаё ва либосу суннатҳои миллиро ба занону духтаронамон баргардонем, ниқоб аз чеҳраи манфури мубаллиғони хушунатҳои ифротгароёна бардорем ва андешаҳои ғаразноки хоинони миллатро фош созем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, сураъати созандагии худро афзун намоем.

Нуктаи дигаре, ки дар ташаккули минбаъдаи мо ҷавонон ва дар маҷмуъ наҷоти давлату миллат нақши хеле муассир гузошт, ин қобилияти дурандешии сиёсии Пешвои миллат мебошад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳануз 11 сол пеш ҳушдор дода буданд. Соли 2006 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса миллати тоҷикро аз чунин хатарҳои геополитикӣ ба монанди терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, ҳушдор дода буд.

Ҳамзамон, бо ишора ба бетафӣ зоҳир намудани ҷомеаи ҷоҳонӣ дар пешгирӣ аз афзоиши рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.01.2016) чунин оварду шуд: “Бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмиллалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму  экстримизм вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст”. Ва дар ҳамон ҷоилова намудааст: “Истифода аз “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, ...авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”. Ин эродҳои ҷиддӣ то андозае симои воқеии бархурди манфиатҳоро ошкор месозад ва дарси хубеанд барои мо ҷавонон дар шинохти авзои сиёсии ҷаҳон.

Агар ба таҳқиқ ба гуфтаҳои боло бингарем, аз ҷониби дигар ин ҳушдор ба мо ҷавонон аст, то бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия...) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархурдҳо зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.   

Воқеан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ на он борест, ки ба дӯши дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони зодаи истиқлол нангу номӯс ва худшиносиву ҳайсияти миллиро тақозо мекунад. Бо назардошти ин, месазад суханони ҳидоятмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазифаҳои ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ироа гирдид, иқтибос орем, ки гуфтааст:“Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд”.

Яъне, яке аз роҳҳои даст ёфтан ба аҳдофи дар боло зикршуда ин рӯ овардани ҷавон ба илму дониш ва мусоидат дар васеъ гаштани ҷаҳонбинии сиёсӣ мебошад.  Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханони ҳидоятмандонаашон гуфтаанд: “Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд”.

Ин умедвориҳо ҳамзамон масъулиятро ҳамроҳ доранд. Яъне мо ҷавонон бояд дар самти такмили донишҳои худ масъулиятшинос бошем. Миллати тоҷик дар ҳама давру замон ба хотири донишмандонаш миллати соҳибэҳтиром буд ва боқӣ аз мо ҷавонон вобаста аст, ки ин эҳтиромро то куҷо нигоҳ медорем. 

Чун сухан аз дониш ва бузургони миллатамон рафт, инҷо месазад аз раҳнамоиҳои Пешвои миллат ба ҷавонон дар ин самт ёдовар гардем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сарсупурдаи халқу давлат дар баробари  анҷоми рисолати бузургу сангини роҳбарӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии ҷавонон ва ёдоварӣ аз хизматҳои фарзандони бонангу номуси миллат пайваста талош намуда, зимнан бо омӯзиш ва офаридани асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ бар рушди илмҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ва ҳамзамон ҳимояи андешаи ҷавонон аз бегонашавӣ мусоидат менамоянд.

Пешвои миллати тоҷик воқеан шахси омӯзанда ҳастанд ва аз нодиртарин роҳбарони муосир мебошанд, ки бо вуҷуди корҳои зиёди давлатӣ барои китоб хондан вақт ҷудо мекунанд ва махсусан ба омӯзиши таърихи гузаштаи миллати худ хеле самимӣ муносибат менамояд. Тавре худ зикр намудаанд: “Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам”. Ин мояи ибрат ва пайравии ҳамаи мо ҷавонон аст. 

Яке  аз бузургтарин асарҳои таърихии муосир ин китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад, ки дар се китоб дар давоми солҳои 1999-2006 аз ҷониби Пешвои миллат эҷод гашта буданд, ки ин асар дар даҳ соли охир заминаи мустаҳками тадқиқотӣ дар илми таърихи тоҷик гардид ва дар пайравии он даҳҳо асарҳои дигари илмӣ-тадқиқотӣ аз тарафи олимони дохилу хориҷи кишвар, махсусан олимони ҷавони кишвар офарида шуданд. Албатта, корҳои пажуҳишии Пешвои миллат ба ин асар анҷом нашуда, то имрӯз асарҳо, мақолаҳо ва рисолаҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба таърих, забон фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик эҷод кардаанд, ки ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон нигаронида шудаанд.

Аз навтарин асарҳои Пешвои миллат, ки соли равон нашр гардид,  китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебошад. Китоби мазкур, тавре дар муаррифномааш зикр шудааст, “дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб” гардида, ба аҳволу осори 25 шахсияти муътабари ҷаҳонӣ ва чеҳраҳои мондагор дар таърихи миллати тоҷик бахшида шудааст. Ҳар як шахсият, сар карда аз Куруши Кабир то Сотим Улуғзода бо хусусиятҳои хоси худ зикр гардидаанд, ки дар он ҳайсияташонро дар як ҷумла метавон дарк кард. Танҳо бо зикри ном ва вижагиҳое, ки ба онҳо дар китоб нисбат дода шудаанд, ҳар як ҷавон новобаста аз маълумоташ метавонад як олам маънӣ аз ин китоб бардошта, худшиносии миллиаш боло равад. Он вижагиҳо ба номи шахсиятҳо ба тартиби зерин дар сарлавҳаҳо зикр шудаанд: Куруши Кабир – бунёдгузори давлати мутамаддин, Спитамен – парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол, Зардушт – паёмбари оини ростин, Монӣ – бозтоби нур дар зулмот, Маздак – пешвои мардумдӯсти Эрони бостон, Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ, Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро, Исмоили Сомонӣ – абармарди хирад ва сиёсат, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – қофиласолори адабиёти тоҷику форс, Абулқосим Фирдавсӣ – ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад, Абӯалӣ ибни Сино – мутафаккири абадзинда, Носири Хусрав – суханвари бузург ва марди андеша, Шамси Табрезӣ – шахсияти бузург ва камназири олами ирфон, Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот, Камоли Хуҷандӣ – бунёдгузори кохи азими сухан, Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Мирзо Абулқодири Бедил – нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ – суханвари номвари адабиёти тоҷик, Садриддин Айнӣ – зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ, Нусратулло Махсум  - ҷонфидои миллат, Шириншо Шотемур – тулӯи офтоби зиёбахш, Бобоҷон Ғафуров – олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ, Мирзо Турсунзода – шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ ва Сотим Улуғзода – мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ. Зикри ҳамин вижагиҳо кофист, ки ҷавонон аз муҳимияти асари “Чеҳраҳои мондагор” дар омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ огоҳ шуда, дар тадқиқи он талош кунад.

Тавре аз мактаби худшиносии Пешвои миллат омӯхтаем, ҳар давраи таърихӣ бо назардошти рушду тараққиёт ва пешравиҳову тағйироти мусбиву манфии худ ба ҳаёти сиёсиву фарҳангии давлату миллатҳо таъсири худро мерасонанд. Зимнан, ҳар як давраи нави таърихӣ аз буҳрону мушкилоти амиқе оғоз меёбад, ки барои оммаи мардум фазои тоқатфарсо меофарад. Маҳз дар чунин давраҳо ҷавонмардони ватандӯст бо матонату ҷасорати хоси худ шиносоӣ мешаванд ва давлату миллатро аз бузургтарин офатҳо наҷот мебахшанд. Намунаи барҷастаи чунин шахсиятҳо худи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистонро дар давраи гузариш аз сангинтарин буҳрон – ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба саодатмандӣ ва ин рӯзҳои нек расонид. Ҳамчунин, бо таъбири он ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”, Пешвои миллат дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ кӯшида, бо асарҳои безаволи худ аз бузургони гузашта ба некӣ ёд меорад ва мо ҷавононро аз ҳуввияти миллиамон огоҳ месозад. Маҳз чунин инсони бузург метавонад дарк кунад, ки омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти ин шахсиятҳои таърихӣ барои тарбияи наслҳо хеле пураҳамият буда, барои таҳким бахшидани пояҳои истиқлолият ва поянда доштани ҳуввияту асолати миллӣ дар оянда амри зарурист.

Ҳамзамон, рушди фарҳангу маънавиёт ва тарбияи насли нав аз омӯзиши давраҳои муайяни таърихӣ вобастагии калон дорад.  Асарҳои офаридаи Пешвои миллат дар вуҷуди мо ҷавонон ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллатро ҳамчун як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ бедор карда, собит месозад, ки “мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳуввият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем”.

Аз хусусиятҳои хоси эҷодии барои олимони ҷавон омӯзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин баёни воқеияти таърихӣ бо назардошти ҳамаи он бурду бохтҳои мавҷуда мебошад. Худ низ қайд намудаанд, ки “... мо набояд хизмати шахсиятҳои таърихиро аз будаш зиёд карда, ба иғроқ роҳ диҳем”. Чунин муносибати шарофатмандона ба воқеиятҳо арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллатро аз сатҳи муқаррарӣ хеле боло бурда, дар баробари ҳисси эътимод инчунин ба хонанда имконияти васеъи ибратомӯзӣ ва таҳлилиро фароҳам меорад.

Пешвои миллат ҳамчун ҳомӣ ва раҳнамои мо ҷавонон бар пояи бозшиносоӣ намудани шахсиятҳои таърихӣ моро ба саҳифаҳои пурифтихори миллати тоҷик ошно намуда, бо омӯзиши таҷрибаҳои гузашта имкон фароҳам меорад, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир пайдо кунем. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: “Замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем”.  Яъне Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон дар баробари умед ба ояндаи нек, ҳамзамон  нақшаҳои хеле бузурге доранд, ки инро мо аз иқдоми дурандешонаашон вобаста ба Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 эҳсос кардем. Яъне Пешвои миллат дар роҳи тарбияи мо ҷавонон аз назария ба амалия гузашта ба мо инак дарси масъулиятшиносӣ, дарси ташаббускорӣ ва дар маҷмуъ дарси давлатдорӣ ва тамаддунофарӣ омӯхта истодаанд.

Воқеан, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боз кардани чашми худшиносиву худогоҳии мо ҷавонон нақши калидӣ дошта, ҳамчун сипари боэътимон моро аз ҳама гуна офатҳои ҷаҳонӣ ҳимоя месозад ва ба ояндаи равшану пурсаодат раҳнамоӣ мекунад. Мо низ дар навбати худ ҳамчун ҷавонони соҳибватани асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош меварзем он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро кунем.

Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Бознашр аз китоби “Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg