
КЎЛОБ:Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз дар доираи Моҳвораи ҷавонон конференсия таҳти унвони «Таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат – кафили рушди ҷавонон» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО/СПИД, мубориза бо нашъамандӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар кори конференсия собиқадори ҳизбу меҳнат Валиева Саъбагул, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Қосимзода Гулҷаҳон, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Ғаниева Ҳадиса, намояндаи Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ Тағоева Сайлонбӣ, намояндаи Маркази ВНМО Сатторзода Умар, муовини директори муассиса Малоҳати Қурбон, инчунин кормандону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

















