АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсили ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, мушкилоти мактабу маориф ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи махсуси ӯ қарор дорад.
Пешвои миллат тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, то ин ки кӯдакону ҷавонони кишвар бо таҳсил пурра фаро гирифта шаванд, зеро ҳуқуқ ба таҳсил ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии озодии инсон дар Конститутсияи мамлакат сабт шудааст.
Тавре ки Роҳбари муаззами мо таъкид менамоянд, ҷавонон бояд барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз тамоми зинаҳои таҳсилот истифода бурда тавонанд. Бахусус дастрасии ҷавононро ба технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ, фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳо бояд таъмин намуд, чунки маҳз ин соҳаҳо имрӯз дар инкишофи ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд.
Зимни мулоқот бо ҷавонон 23 майи соли 2005 Президент чунин қайд намуда буданд: «Ҷавонон бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро таъмин менамоянд».
Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ба таҳкими низоми таҳсил дар кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд, чун, ба қавли Сарвари давлат, «маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ҳамин аст, ки инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлати Тоҷикистон эътироф гардидааст. Бо назардошти ин ҳамасола дар Буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағгузорӣ сол аз сол зиёд пешбинӣ мешавад. Агар дар Буҷети давлатии соли 2000 барои таъмини соҳаи маориф 42 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, соли 2005 барои таъминоти соҳаи маориф 250 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва ин нишондиҳанда дар соли 2009-ум, яъне дар давоми 9 соли баъдина ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расида, афзоиши он 27 баробарро ташкил дод. Соли 2013 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 2 миллиарду 131 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000- ум 57 баробар зиёд мебошад.
Чуноне ки сарвари мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ эълон доштанд, танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи умумии 320 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз дар Тоҷикистон 3800 мактаби замонавӣ ва 39 донишгоҳу донишкадаҳои олӣ фаъолият мекунанд. Танҳо дар муассисаҳои олӣ 170 ҳазор донишҷӯён таҳсил доранд. Шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба соли 1991, яъне давраи пеш аз истиқлолият 3 баробар ва теъдоди донишҷӯён беш аз 2 маротиба афзудааст.
Сиёсати “дарҳои боз”, ки роҳбари хирадманди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро эълон дошт, имконияти густурдаеро баҳри таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, бахусус кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ва Осиёи шарқӣ ба миён овард. Илова бар ин, зиёда аз 50 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Танҳо дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки ба онҳо беш аз 1000 нафар устодон аз рӯи 100 ихтисос таълим медиҳанд. Пӯшида нест, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон сол аз сол афзуда истодааст. Бо дарназардошти ин масъала бо супориши бевоситаи Сарвари мамлакат ба сохтмони мактабҳои наву замонавӣ дар ҳама маҳалу минтақаҳо ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар баробари ин, ба таъмини мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва асбобу ашёи таълимӣ низ эътибори махсус зоҳир карда мешавад.
Оиди ин масъала Президенти мамлакат ба масъулини Ҳукумат, вазоратҳои молия, фарҳанг ва маориф супориш дода буданд, ки доир ба ҷорӣ намудани технологияи муосири чопи китоб, фароҳам овардани шароити зарурии нашр ва таъмини мактабҳои кишвар бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барномаи махсус таҳия намоянд.
Яке аз иқдомҳои наҷиби Сарвари мамлакат ҷиҳати рушди маълумотнокии ҷавонон ва аз бар намудани донишҳои замонавию
технологияҳои муосир, ки барои ҷомеаи мо имрӯз ниҳоят муҳим аст, бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ мебошад. Мутобиқи барномаи давлатӣ оид ба компютерикунонии мактабҳои ибтидоӣ ва миёна то имрӯз дар 600 мактаб синфҳои компютерӣ таъсис дода шуда, дар онҳо 13 ҳазору 170 компютер гузошта шудааст.
Президенти мамлакат соли 2005 ба вазорату идораҳои дахлдор, хусусан ба Вазорати маориф ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ як қатор супориш доданд, ки бояд якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва ҳукуматҳои вилоятҳо, инчунин шаҳру ноҳияҳо дар бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои омӯзгорони ҷавон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо, хусусан дар мактабҳои деҳот нақшаву барномаҳои мушаххас таҳия намоянд. Дар асоси ин дастури Роҳбари давлат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расонида шуд, ки дар партави татбиқи ин санад ба омӯзгорони ҷавон, бахусус омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳоти мамлакат ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, як қатор имкониятҳои мусоид, аз қабили таъмини замин барои бунёди манзили истиқоматӣ фароҳам оварда шуданд. Баъд аз вохӯрии Президенти мамлакат бо ҷавонони лаёқатманд 16 майи соли 1998 ва вохӯрии ҳамасола бо зиёиёни кишвар дар ҳаёти ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд пешрафтҳои умедбахш ба мушоҳида мерасанд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998-ум 100 стипендияи президентӣ таъсис ёфтааст, ки ҳар сол ба ҷавонон ва донишҷӯёни аълохон дода мешуд. 14 июли соли 2005, таҳти рақами 1573 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба се маротиба зиёд намудани миқдори стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси ин санад ҳамасола 300 адад стипендияи президентӣ ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони литсею гимназия ва омӯзишгоҳҳо тариқи озмун дар нӯҳ моҳи таҳсил дода мешавад. Маблағи ҳар адад стипендия айни замон 400 сомонӣ мебошад.
Бо мақсади дастгирии духтароне, ки аз оилаҳои камбизоат мувофиқи квотаи президентӣ аз ноҳияҳои дурдаст дар донишгоҳҳои олии мамлакат бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, стипендияҳо муқаррар карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти кишвар ва дастгирии донишҷӯён аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо дар кишвар 1500 стипендия таъсис дода шудааст, ки ин ҳам яке аз роҳҳои аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1998, таҳти №967 "Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм корҳои намоён анҷом додаанд" бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии кишвар ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон 6 ҷоиза таъсис дода шудааст, ки ҳамасола тариқи озмун ба беҳтарин олимон ва муҳаққиқони ҷавон супорида мешавад.
15 июли соли 2006, таҳти №1574 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд» ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳамасола даҳҳо ҷавонони мамлакат ба кишварҳои пешрафтаи олам барои таҳсил ва такмили илму дониш фиристода мешаванд. 3 майи соли 2006, таҳти №197 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расид, ки дар асоси он барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шуд. 3 апрели соли 2006, таҳти №137 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он аз 1 январи соли 2006-ум шумораи ҷавондухтарону ҷавонписароне, ки аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ қабул карда мешаванд, 100 фоиз зиёд карда шуд. Яъне дар як сол то ба 1000 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарони минтақаҳои куҳистон тариқи имтиёз ба мактабҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, дар пойтахт хобгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд.
Ин ҳама ба хотири дастгирӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи насли ҷавон аст. Бо ғамхории Сарвари давлат ҷиҳати муҳайё намудани
шароити мусоиди таълимиву тарбиявӣ, бунёду такмили муассисаҳо, макотиби таҳсилоти умумӣ ҳамчунин дигар чораҳо, ки баҳри рушду такомули маърифати зеҳнии ҷавонон замина мегузоранд, андешида шуда истодааст.
Президенти мамлакат нақши илму маорифро дар шароити ҷаҳони имрӯза хеле муҳиму арзишманд арзёбӣ намуда, соли 2010-умро дар мамлакат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуда буданд. Дар мулоқот бо аҳли илму маориф доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ба мафҳуми илму дониш ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, ки барои ҳамагон аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад, равшанӣ андохта, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба илму дониш руҷӯъ намоянд. Маҳз дар ҳамин мулоқот аз ҷониби роҳбари давлат таъкид гардид, ки тамоми кишварҳои аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ рушдкарда дар сиёсати давлатдории худ ба маълумотнокии аҳолӣ эътибори махсус додаанд.
Тавре Сардори мамлакат таъкид намуданд: «Бо дарки ин падидаи хоси аср мамлакатҳои хурду бузург барои пешрафти соҳаҳои муосири илму технология азму талош намуда, кӯшиш доранд, ки мақоми сиёсию иқтисодиашонро дар ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳидаи он боз ҳам мустаҳкам гардонанд. Дар натиҷа рақобати байни кишварҳо, ки қонуни табиии инкишофи ҷомеаи ҷаҳонист, торафт шиддат мегирад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешем ва мақому мартабаи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз бештар таҳким бахшем».
Яке аз ҳадафҳои Пешвои миллат аз ин иқдом аз он иборат буд, ки дар масъалаи азхудкунии илмҳои дақиқу техникӣ бештар ташаббус нишон додан лозим аст. Зарурати такмили омӯзиши ин фанҳо дар он аст, ки барои ташаккули тафаккури техникиву ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф супориш дода шуд, ки зимни гузариш ба низоми нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стандартҳои давлатии таълим ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ аз нав таҳия ва тасдиқ намуда, истифодаи онҳоро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон таъмин намояд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат тавсия доданд, ки ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву озмунҳоифаннӣ диққати ҷиддӣ дода, онҳо барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакат имконияти бештар пайдо кунанд.
Тӯли солҳои охир мактаббачагону донишҷӯёни мо дар чандин олимпиада ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори медалу ҷоизаҳои бонуфуз гардидаанд. Ин дастовардҳои хонандагони тоҷик далели он аст, ки насли навраси мо мисли ҳамсолони хориҷии худ лаёқатманд буда, дорои тафаккури рақобатпазир мебошанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва молия доир ба гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявии аспирантҳо ва мактаббачагон аз рӯи фанҳои дақиқ, инчунин баланд бардоштани ҳаҷми мукофотпулиҳо барои ғолибон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ қайд намуда буданд: «Тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳалли онҳо вобаста мебошад».
Масъалаи васеъ гардонидани имкониятҳои истифодаи техника ва технологияи компютерӣ дар коргузорӣ, истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамчунин зарурати омӯзиши забонҳои хориҷиро ба миён меорад. Забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир маҳсуб меёбанд. Забондонӣ имконияти бевосита сарукор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонда, дастрасӣ ба маводи иттилоотии техникиро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад. Дар ин маврид ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд.
Бознашр аз китоби “Эмомалӣ Раҳмон ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”