
ЉАЙЊУН: Санаи 5-уми майи соли ҷори дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Моҳвораи ҷавонон, тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар толори фарҳанги Ҷамоати деҳоти "Панҷ" бо хонандагони синфҳои болои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳия суҳбату вохӯри таҳти унвони "Ҷавонон давомдиҳандаи насли калонсол" доир гардид.
Чорабиниҳо бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Раҳимов М, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Аҳмадҷонов Н, омӯзгорон ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун доир шуда, ҳадафи асосии онҳо таҳкими робитаи байни наслҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯриҳо иштирокчиён доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва масъулияти онҳо дар ҳифзи сулҳу субот мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, намояндагони насли калонсол аз таҷрибаи зиндагии худ қиссаҳо намуда, ҷавононро ба илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва содиқ будан ба Ватан ҳидоят карданд.
Чунин иқдомҳо ба таҳкими худогоҳии миллӣ ва рушди маънавии ҷавонон мусоидат намуда, заминаи мустаҳками ҳамдигарфаҳмӣ миёни наслҳоро фароҳам меоранд.


















