
БОХТАР:Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили ҷашни 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
Дар аёдат Маҳмадализода Шукрона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амирали Сафарлӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Назарова Тутихон - раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Бохтар ва Раҷабзода Қурбонгул - вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботии №13 иштирок намуданд.
Дар ҷараёни аёдат зикр гардид, ки ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромуш намешавад ва онҳо пайваста зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Зимни аёдат ба Файзалиев Сафаралӣ туҳфаи идона, аз қабилӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.

















