
ДАНҒАРА: Дар деҳаи Меҳрвари ноҳияи Данғара корҳои сангфаршкунӣ бо маром идома доранд. Ин иқдом дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мебошад.
Бо анҷоми ин корҳо рафтуомади сокинон осон гардида, мушкилоти вобаста ба чангу лой, махсусан дар фаслҳои боронӣ, бартараф мегардад.
Дар иҷрои корҳои сангфаршкунӣ сокинони деҳа низ саҳми фаъол доранд. Бо роҳи ҳашар ин раванд босуръат пеш меравад. Ба гуфтаи масъулон, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкории зич бо аҳолӣ омили асосии пешрафти чунин ташаббусҳо мебошад.
Сокинон аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид мекунанд, ки беҳтар шудани ҳолати роҳҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоии деҳа мусоидат мекунад. Ҳамзамон, чунин корҳои ободонӣ ба зебоии маҳал низ ҳусни тоза мебахшанд.
Қобили зикр аст, ки корҳои сангфаршкунӣ дар дигар маҳаллаҳои ноҳияи Данғара низ идома дошта, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.


















