
ҲАМАДОНӢ 30.04.2026: Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо бо маром идома дорад. Ҳадафи асосии ин ташаббус — таҳкими маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мебошад.
Дар санаи 30-юми апрели соли 2026, бо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 - и ноҳия вохӯрии навбатии хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизби иштирок намуданд.
Хонишҳои сиёсӣ ба баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кормандон ва ҷавонони муассисаҳо мусоидат менамояд. Тавассути чунин чорабиниҳо, робитаи байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷавонон қавӣ шуда, фазои ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меояд.


















