
ЁВОН 30.04.2026: Дар доираи ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ ва дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо саҳми вакилони ҳизбӣ ва шахсони саховатманд дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова корҳои таъмиру азнавсозии манзили як оилаи эҳтиёҷманд бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ин манзил ташриф оварда, аз рафти корҳои анҷомёфта боздид ба амал оварданд. Зимни мулоқот бо аҳли хонавода таъкид гардид, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дошта, чунин иқдомҳо нишонаи равшани ғамхорӣ ва масъулияти иҷтимоии ҳизб нисбат ба мардум мебошад.
Ҳамзамон, ҷиҳати идомаи босифати корҳои таъмирӣ ба оилаи мазкур маводи зарурии сохтмонӣ ва дигар лавозимоти лозима дастрас гардид, ки ин амал боиси баланд гардидани руҳияи аҳли хонадон ва умед ба фардои нек шуд.
Бешубҳа, чунин иқдомҳои хайрхоҳона намунаи олии ҳамбастагӣ, инсонпарварӣ ва меҳрубонӣ буда, бори дигар собит месозад, ки ҲХДТ воқеан ҳизби ғамхори халқ аст.


















