
Ҷайҳун27.04.2026 : Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳи роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила вохури баргузор намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дидан намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, зимни суҳбат бо ҳар як сокин деҳа қайд намуданд, ки тавре дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, бояд ҳар як сокини мамлакат рисолати ватандӯстӣ хешро мади аввал гузошта, самаранок истифода бурдани ҳар як порча заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2026 таъмин намоянд.
Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.


















