
ВАХШ. 27.04.2026 Имрӯзҳо дар доираи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Вахш бо маром идома доранд. Ҳар як сокини ноҳия аз истиқболи сазовори ин ҷашни милливу таърихӣ бо самимият назар андӯхта, ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ машғуланд.
Боиси таҳсин аст, ки шаҳрвандони бо нангу номуси ноҳия оилаи Сафаровҳо аз Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо иқдоми навбатии бунёдкоронаи худ 2 километр роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Рӯдакӣ-ро пурра мумфарш намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки саҳми оилаи Сафаровҳо дар роҳандозӣ намудани корҳои ободонию бунёдкории ноҳия ва вилоят хеле назаррас аст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш


















