БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Норак шаҳри муъҷизаҳост! (ё чи гуна як деҳкада ба шаҳри саноатӣ табдил ёфт?)

ДАР РОСТОИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар ин росто шаҳри Норак чи аз лиҳози дастовардҳои соҳавӣ ва чи аз лиҳози инфасохтору табиати биҳиштосо барои истиқболи шоиста аз ин сол омода аст. Ҳамзамон, соли равон ба таъсиси шабакаи энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 сол пур мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Шабакаҳои энергетики Ҷумҳурӣ, ки дар заминаи неругоҳҳои маҳаллии мамлакат бунёд гардидааст, ба таври ҳаққонӣ дар ИДМ яке аз пешқадамтарин ва боэътимодтарин мебошад». Барои расидан ба ин ҳадаф солҳо заҳмати фидокорона ва ҳатто қаҳрамононаи одамони покниҳоде зарур шуд, ки ҳоло номҳои онон ифтихори мамлакат гардиданд. 
Аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми ҳаштумро дорост, аммо аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ ба як километри мураббаъи ҳудуди Ҷумҳурӣ дар ҷаҳон мавқеъи аввалро ишғол карда, аз бисёр кишварҳо бартарӣ дорад.
Бинобар ин, ҳануз дар нахустин солҳои ҳукумати шуравӣ диққати олимон ва коршиносони соҳаи энергетика ба Тоҷикистон ва имкониятҳои беҳудуди барқӣ-обии он нигаронида шуда буд. Давлати шӯравӣ солҳои 30-юми асри гузашта ба кишвари мо гуруҳи мутахассисонро фиристон, то ки онҳо захираи гидроэнергетикии Тоҷикистонро таҳқиқ намуда, имконияти истифодаи онро дар неругоҳҳои барқӣ муайян созанд. 
Он вақт мошину механизмҳо набуданд, бинобар ин бисёр корҳо бо белу каланд иҷро мешуданд. Моҳи декабри соли 1936 қувваи барқи неругоҳи Варзоби Боло аввалин бор хиёбонҳои пойтахти Ҷумҳуриро равшан намуд.  Давраи минбаъдаи таърихӣ дар фаъолияти  онҳо сохтмони бузургтарин дар Осиёи Миёна неругоҳи барқи обии Норак гардид. Қарори  сохтмони он моҳи феврали соли 1961 қабул шуда буд. 16-уми декабри соли 1961 деҳаи Норак ба мақоми шаҳр шарафёб гардид... 
Норак диёри бостонӣ буда, мувофиқи маълумоти таърихнависон дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар асри санг ин ҷо одамон мезистаанд. Деҳкадаи Норак мувофиқи махзанҳои таърихию адабӣ таърихи 2500 сола дорад. Шаҳри имрӯзаи Норак дар соҳили руди Вахш ҷойгир аст. Масоҳати он 394,5 км2 мебошад. 
Аз байни куҳҳое, ки Норакро дар оғуш гирифтаанд, куҳи Нор (куфони уштур номи қадимааш то омодани арабҳо ба Осиёи миёна) зеботарин ва баландтарин (1714 метр аз сатҳи баҳр) аст ва шояд он ба номи Норак умумияте дошта бошад. Шаҳри Норак зиёда аз 58 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин ҷо ёдгориҳои таърихӣ ба монанди «Мақбараи мавлоно Мирзо Юсуф», «Хоҷа Сурхпуш», «Шайх Саид Абдулҳайи Балогардон», «Амири Бузург» ва ғайра мавҷуданд, ки ин ёдгориҳо мавриди таҳқиқи бостоншиносон қарор гирифтаанд. 
Дар шаҳру деҳаҳо садҳо дуконҳои хурокворӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, мактабу қасрҳои фарҳанг, хонаҳои бисёрошёна қомат афрохта, манзараҳои ду соҳили рудхонаи Вахш то Неругоҳи Бойғозӣ ба зебогии шаҳр як ҳусни дигар зам кардааст. Ободии талу теппаҳо ва боғҳои нав шаҳрро ба як гушаи фирдавс табдил додаст, ки аз тамошояш дил ба фараҳ меояд. Хусусан дар фасли гармо фаввораҳо ва нақби обпартои неругоҳ як муъҷизаи нотакрор аст, ки кас аз тамошояш сер намегардад. 
Ривояте ҳаст, ки мегӯянд, ҳар як деҳа ё шаҳр, чун одамон, тақдир ва таърихи худро дорад. Оре! Дар гузашта аз миёнаи деҳаи онвақтаи Норак роҳи корвон мегузашт ва ин роҳ водии Ҳисорро бо води Кӯлоб пайваст мекард. Корвонбошиён кӯшиш мекарданд, ки ба деҳаи Норак шомгоҳ бирасанд. Барои он, ки ин деҳа дар давоми рӯз беҳад тафсида ба танӯр мубаддал мегаштааст, нафас кашидан амри маҳол мешудааст. Кадоме аз Корвониён ба гармии Норак тоб оварда натавониста бо корди тези худ дар бадани чиноре навиштааст; «Эй худо! Чун Норак офаридӣ, дигар ба дӯзах ҳоҷат нест!» «Норак чӣ маъно дорад? Ин номро ки мондааст, барои чӣ ин тангноро Пули Сангин гуфтаанд? Дарёи пурталотуми Вахшро «Дарёи ваҳшӣ» меноманд? Оё ин дуруст аст? Ба саҳифаҳои таърих рӯ меоварем. Баъзеҳо номи Норакро аз калимаи нор, ки ду маъно дорад,  медонанд. Ба ақидаи баъзеҳо номи Норак аз маънии якум нор аз шакли кутоҳшудаи «Анор» ва суффикси «ак» таркиб ёфтааст. Гуё дар гузашта ва ҳоло дар атрофии деҳаи Норак анорзор буда, ба анори худ шуҳрат доштааст. «Чунин ташбеҳ ба қавоиди номгузории тоҷикӣ мувофиқ меояд» гуфтааст олим Роҷек Фелд. Маънои дуюми Норак ба «Оташ» таалуқ дорад. 
Агар дарёи Вахшро таъбир кунем, олимон «Вахш»-ро калимаи тоҷикӣ ташреҳ дода мегуянд, ки он бевосита вожаи мардуми ориёнажод аст. «Вахш» ба номи Худои дарёҳо вобаста будааст. Дар қадим одамон номи Вахшу Норакро ба оташу об ва гармиву покӣ тавъаш донистаанд. 
Ҳамзамон, қиссаи дигаре ҳам ҳаст, ки дар замони қадим дар деҳаи Норак ҷавони чӯпоне бо номи Норак зиндагӣ мекардааст. Ӯ нотарсу ҷасур будааст. Ҳар гоҳе ӯ найи чупониашро менавохт, парандаҳои хушхон хомӯш мешуданд, шаббодаи ҳаловатбахш лаҳзае «нафас рост карда» таваққуф мекард, уқобони кӯҳҳои сарбаланд аз парвоз худро медоштанд. Садои найи ӯ ба дилҳо ором, ба чеҳраҳои духтарон табассум, ба рӯи пиру барно хушнудӣ мебахшид. Нораки ҷавон дар тирандозӣ ҳам беҳамто буд. Тири камони ӯ ба нишон бехато мерасидааст.
     Шуҳрати ҷавон аз диёре ба диёре паҳн мешуд. Он замон, ки бекигарии Кӯлобу Норак ба ҳайати Балҷувон дохил буд, чун қалъаи мудофиавӣ, то сохтмони НБО-и Норак. Соли 1870 баъди ҳамроҳ шудани Бухорои шарқӣ ба Аморат Норак ба бекигарии Ҳисор дохил гардида буд. Навкарони амири Бухоро овозаи ӯро шунида, дар ҳайрат афтода, ба якдигар менигаранд ва ба амир гушрас мекунанд.
- Дар боргоҳ чунин каси чусту чолок ва шикорчии баҳодурро нигоҳ доштан, ин боиси ифтихор аст! Хабар фиристед ва ба дарбор даъват кунед! – амр кардааст амир. 
Вале ҷавон ба ин розӣ нашудааст. Аз дарбор дида деҳаи худ, одамони мушфиқу дарёдили онро авлотар донистааст. Аз замини хуни нофаш чакида дур шуданро нахостааст. Амир рад кардани ҷавонро шунида ба Норак аскар равон кардааст, то ҷавони ҷасурро дошта ба Бухоро баранд. Ҷавон оқибати мудҳиши пешомадаро ба пеши назар оварда, илоҷи халосӣ ҷустааст. Вай ба хонуми худ гуфтааст:
- Ҳолам табоҳ. Аз пайи ман аскарон афтодаанд. Дошта ба Бухоро мебурдаанд. Агар дар деҳа пинҳон шавам, маро албата медоранд. Аз ту ёри меҳрубонам дур шудан намехоҳам, - гуфтааст ва ба тарафи куҳи Нору дараи Пули Сангин нигариста илова кардааст.
- Ҳу он куҳи Норро мебинӣ? Рӯ ба рӯи хонаамон! Ман ҳамон ҷо баромада паноҳ, мебарам. Ту аз хона намебароӣ ва пурсиданд, “намедонам” мегӯӣ. Ҳар бегоҳ вақте, ки атрофро торикӣ фаро мегирад ба он сӯ менигарӣ. Дар қуллаи баланд машъали фурузоне мебинӣ, бидон, ки ман зиндаам. Агар фарзанд таваллуд шавад, машъал гиронда ба ман хабар медиҳӣ. Писар бошад, оташро чанд бор пасту боло намо, духтар бошад, машъалро сӯи чапу рост тоб деҳ. Ҳаргоҳ, ки дар қуллаи куҳ-машъали маро набинӣ, бидон, ки ман нобуд шудаам! Дар ин бора ба ягон кас даҳон накушо. Хайр азизи дилам, - гуён ҷавон сӯи куҳ равона шудааст. Аз байн рӯзҳо, моҳҳо сипарӣ шудааст. Рӯзе зани он ҷавон писар таваллуд мекунад ва сӯи куҳ назар афканда машъале фурӯзон месозад ва шавҳараш мефаҳмонад, ки писар ба дунё омадааст. Ҷавон бениҳоят шод гашта, эҳтиёткориро фаромӯш мекунад. Рӯ-рӯи зинасангҳои ба худ шиносаш парида мефарояд, то фарзанди аввалинашро бубинад. Аммо ӯ ба хона нарасида навкарони  Амир ӯро дастгир карда, азоб дода мекушанд. Зан аз фироқи шавҳар ба тифлаш номи куҳи Норро медиҳад, Норак ном мемонад….
Чун ба таърих назар меафканем, нуздаҳ аср қабл олими Руми қадим – Плиний дар мусаввараи хеш дар ин ҷойҳо вуҷуд доштани чунин мавзеъҳоро хотирнишон кардааст. Як аср пас ҷуғрофидони Юнони Қадим – Птоломей низ ин маъниро зикр кардааст. Сайёҳе бо номи Рустоӣ 912 сол қабл аз солшумории исавӣ ба Осиёи Миёна сафар карда дар сафарномаи худ аз Норак ва Дараи Пули Сангин ёд кардааст. Ӯ манзараи фусунгари ин ҷоро дида, мафтун шуда ҳамчунин навиштааст: «Наҳри Вахш аз тангноии ду куҳ Сандук ва Нор ба атроф ғулғула андохта мегузашт. Дар болои тангно як санги калони дароз ба ду лаби куҳҳо ҳамчун пул-кӯпрук гузошта шудааст». Ин пул сарҳади он вақтаи ду воҳаи азим – Вахшгирд ва рустоии Хутталиёнро пайваст мекард. Ба ду тараф рафтан танҳо бо ҳамин Пули Сангин сурат мегирифт... 
Норак бо мурури замон ҷойи набарду талош барои ҳаёти нурафшон, майдони санҷишҳои мардона, озмунгоҳи ақлу бунёдкорӣ ва маскани дӯстон гардид. Манбаи нур шуд. Ба садҳо ҳазорон куҳистониён тақдирҷунбонӣ кард, ба онҳо кор ёд дод, одаму одамгарӣ ва дӯстиро омӯхт! Бародарон ҷамъ шуда, бо кӯшиши дучанд Норакро аз нав сохтанд, як деҳаи кӯчаки бари кӯҳро ба шаҳри зебову оламоро, маскани дӯстиву рафоқат табдил доданд. Оре, одамон Норакро сохтанд, Норак одамонро сохт!
     Болотар аз шаҳри Норак Дараи Пули Сангин ва самти чапи дарёи Вахш куҳи осмонбӯсе ҳаст. Онро Куҳи Сандуқ гӯянд. Дар бораи ин кӯҳ одамон ҳар ривояте мегӯянд. Яке аз ин ривоятҳо чунин аст:
Дар замонҳои хело қадим ин ҷо як деҳқони камбағал зиндагӣ ба сар мебурдааст. Ӯ ягона писар доштааст. Вақте, ки ӯ пир шуда, аҷал аз гиребонаш гирифтааст, деҳқон бо ҳаяҷон писарашро даъват карда, арзи ҳол намудааст:
- Писарҷонам! – гуфтааст ӯ – Умре мехостам чизе ҷамъ карда ба ту мерос гузорам, вале ёфтаи ман ба рӯзгорам базӯр мерасид. Барои мерос чизе надорам. Ман акнун мемирам ва ба ту ҳикоятеро мерос мегузорам. Онро ман аз бобоят шунидаам. Бояд доимо дар ёд дошта бошӣ. Он замон Нораки мо шаҳри ободу дилкаше будааст. Ҳар як норакӣ чандин хонаю дар доштааст ва ба роҳгузару мусофир нону намак медодааст. (Кони намак дар назди обпартои НБО-и Норак то ҳол истифода бурда мешавад). Мардумаш серу пур ва осоишта зиндагӣ мекардааст. Овозааш чун ҳозира ба тамоми олам рафта будааст. Инро шунида подшоҳе ҳасад бурда ба Норак лашкар мекашад. Душман хело зиёд ва зур будааст. Мардуми онвақтаи Норак боигарӣ, зару зевари худро ҷамъ намуда, ба як сандуқи калон андохта қулф мекунанд ва калидашро ба тангнои Пули Сангин, дарёи Вахш мепартоянд. Душман ба Норак омада чизе наёфта, бисёраш дар ҷанг, аз гуруснагӣ мемурад ва дигаронаш аз ноумедӣ аз Норак баромада мераванд. Душманон ҳарчанд кӯшиш мекунанд, нияташон бад, ки буд калидро ёфта наметавонанд. Танҳо он шахсе, ки нияташ ободии Ватан, зиндагии шоистаи халқаш бошад ёфта метавонад...
Аз ин васият солҳо гузашт. Калиди рамзиро бошад танҳо одамони асри бист пайдо карданд, ки он хазинаи ҳақиқи барқу рӯшноист.  Имрӯз неругоҳ пурра барои қабули меҳмонон омода аст, дар кадом сатҳе набошад қабул карда, аз дастовардҳо, гулгаштҳои сабзпуш, ҷойҳои ҳақиқатан муъҷизаофар ва кормандони меҳнатқарин қисса карда метавонад. 
Р.С Қосимов - муовини раиси Кумитаи иҷрояи ибтидоии ҲХДТ дар НБО-и Норак.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg