
“Пирони рӯзгордида давлати сари мо мебошанд”
Эмомалӣ Раҳмон.
БОХТАР: Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Бохтар дар ҳошияи сазовор таҷлил намудани Рӯзи модарон аёдати як нафар модари собиқадор Ишназарова Лолахон - аълочии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат доир карда шуд.
Дар аёдати мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амирали Сафаралӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханрони намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки фаъолону собиқадорони ҳизбу меҳнат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, идома додани анъанаи неки ниёгон - арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорон, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.

















