
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон ва варзиш вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар дар майдони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аксияи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, волонтёрон ва кормандону волонтёрони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуда, ба модарону бонувон маводи тарғиботӣ- табрикотӣ в
а гулҳои идона тақдим карданд. Аксияи мазкур ба арҷгузорӣ ва бузургдошти мақому манзалати модар бахшида шуда, ҳамчун нишонаи эҳтирому қадршиносӣ ба онҳо пешкаш гардид.
Зимни баргузории аксия бо модарон суҳбатҳои самимӣ доир гардида, онҳо аз фазои орому осудаи кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ташкили чунин иқдоми нек ба ташаббускорон изҳори сипос карданд.
Иштирокдорони чорабинӣ таъкид намуданд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли солиму ватандӯст мебошад. Аз ин рӯ, эҳтирому қадршиносии модарон бояд ҳамеша дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд дошта бошад. Чунин иқдомҳои маънавию тарбиявӣ ба баланд бардоштани эҳтиром нисбат ба модар ва қадрдонии хизматҳои онҳо мусоидат менамоянд.
Аксияи мазкур дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, хотири модарону бонувонро болида гардонд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ
«Ҳамрози халқ»

















