БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо

АНДЕША. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни навзуҳур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард.

Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ,  тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ: “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” манъ карда шудааст.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра. Паёмади амалҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аллакай тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ваҳшатзада кардааст – таркиш дар кӯчаҳо, бозорҳо, даруни нақлиёт ва ҳатто дохилу минбари масҷидҳо...

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардиданд. Иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеа аз ояндаи босаодату дурахшон канда шуда, халқ сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкушӣ ба мисли куштани чорво ба як амали маъмулӣ табдил ёфт.

Тавре аз расонаҳо огоҳем ба наздики яке аз саркардагони наҳзатчиён бо номи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин боздошт гардида ба як қатор гуноҳҳои кабираи худу ҳамммаслакони хоинаш иқрор шуд. Дар филми ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён” эшони Қиёмиддин як қатор асрори ифлоси наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, қайд намудааст, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон ва нерӯҳои ҳарбии “Сипоҳи посдорони инқилоб”-и ин давлат меистодааст. Ҳамзамон, ошкор гардид, ки “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ин номи аслии ҳизби мазкур набуда, танҳо ба хотири ҷузъе аз Тоҷикистон нишон додани худ чунин номгузорӣ шудааст. Дар асл бошад гуруҳи наҳзатчиён бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” мебошанд, ки аз тарафи ҶИ Эрон барои тахрибкориву анҷом додани амалҳои террористӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст.

Дар зимн Эшони Қиёмиддин ва дигар саркардагони гуруҳи наҳзат пинҳонӣ узви созмонҳои ҷосусии ҶИ Эрон гардида, ба як дастгоҳи иҷрои супоришҳои хориҷиён табдил ёфтаанд. Бо сӯистифода аз дину оини мардум ва бовариҳои динии ҷомеа, ки чунин шахсонро “тақводор” мешумориданд, ин тоифаи хоин аз тӯю худоӣ ва маргу шодии сокинон ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ зери шиори “амри маъруф” супоришҳои хоҷагонашонро иҷро мекардаанд. Дар меҳвари ин супоришҳо агар аз як тараф моил кардани ҷомеа ба ақидаҳои шиагароӣ бошад, аз тарафи дигар шуронидани мардум бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Ба унвони мисол, яке аз ин фитнаҳо ин ҳаром эълон кардани нони омӯзгор ва ҳаром гуфтани доруву дармони табобатхонаҳо буд. Яъне мардумро нисбати ду қишри умдаи ҷомеа, ки яке масъули мафкураи солим ва дигаре масъули ҷисми солимаш ҳаст шӯрониданд.

Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд.

Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай сокинон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротҳоро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодаанд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, ки агар солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид амал мекард, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд. То соли 1990 мусулмонони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар донишомӯз таҳсил мекард. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Агар дар тӯли беш аз 70 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд ва ҳатто баъзеаашон 6-7 маротиба ҳаҷ карданд. Дар як сол аз давлатҳои ИҶШС ҳамагӣ то 10 нафар ба маросими ҳаҷ рафта метавонистанд. Ҳоло танҳо аз Тоҷикистон ин шумора беш аз 5000 нафар дар як сол аст.

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд. Ҷавонони дигар ба мисли Собиршо Ҳасанов, ки мусоҳиба ва хотираи талхи бархурдаш бо аъзои ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар шумораи 22 (298)-и нашрияи “Ҳамрози халқ” аз АМИТ “Ховар”бознашр шудааст, ҳатто ҷони худро ба хатар мегузоранду бо онҳо ҳамроҳ намешаванд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло месазад қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳануз соли 2006 дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, бохабар сохта буданд.

Ҳамзамон, бо ишора ба бетарафӣ зоҳир намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирӣ аз афзоиши рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) чунин омадааст: “...Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”. Ин эродҳои ҷиддӣ то андозае симои воқеии бархурди манфиатҳоро ошкор месозад.

Агар ба таҳқиқ ба гуфтаҳои боло бингарем, аз ҷониби дигар ин ҳушдор ба мо мардуми кишвар низ ҳаст, то бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия...) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархурдҳо бояд зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем.

Зеро тавре медонем, чунин бадхоҳон дар симои ТЭТ ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд дубора сенарияи солҳои навадуми асри гузаштаро дар Тоҷикистон такрор кунанд.

Тафтишот бо далелҳои раднопазир собит кард, ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода A. бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30-нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд.

Далели дигар, ки гунаҳгории М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар содир намудани ин ҷиноятҳо тасдиқ мекунад, ин иштироки бевоситаи номбурда дар маблағгузории суйиқасди табодулоти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла 2 сентябри соли 2015 бо супориши М.Кабирӣ писараш Руҳулло бо ҳамроҳии ронандааш Сайфов Ҳ.Т. пули нақдро ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба хонаи Назарзода А. бурда, ба дасти ӯ супоридаанд. Баъдан маълум шуд, ки ин пулҳоро як ҳафта пеш аз ин барои анҷоми табадулот аз хориҷи кишвар ба суратҳисоби онҳо гузаронидаанд.

Шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 зиёда аз 150 узви иттиҳоди ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А. дар дохили собиқ корхонаи нонпазӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Дониш, ки ба Назарзода А. М. мансуб буд, ҷамъ омада, бо силоҳҳои оташфишони автомат, пулемёт, гранатомёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардиданд.

Баъдан Назарзода А. маҳз бо супориши Кабирӣ М. бо сӯйистифода аз мақоми хизматии муовини Вазири мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш навбатдори Нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбии №17651 ва 08050-ро бесилоҳ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисмҳои низомии номбурда ғайриқонунӣ ворид шуданд. Аз он ҷо миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро бо мақсади мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ тасарруф намуданд.

Онҳо худи ҳамон шаб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматӣ қарор доштанд, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа 10 хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.

Шукр, ки ба ин амали хиёнаткоронаву хабисонаи худ даст наёфтанд, вагарна вазаъият аз солҳои 90-ум дида вазнинтар мешуд. Зеро бо дахолати бештари гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дигар ин оташи ҷангро дар зарфи сад сол ҳам хомӯш карда намешуд.

Ҷойи таассуф ин ҷост, ки ҳанӯз ҳам баъзан ҷавонони мо дар доми фитнаҳои онҳо қарор доранд. Ин нафарони бахтбаргаштаро наҷот додан хеле душвор аст. Зеро онҳо дар торҳои анкабути хоинонаи хоҷагони хориҷии ТЭТ ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” чунон печидаанд ва чунон мағзшӯӣ шудаанд, ки ҳоло аз манқурт фарқашон карда намешавад. Барои онҳо ягон арзишу муқаддасот вуҷуд надорад – на давлату миллат, на падару модар ва на дину имон. Ин фитнагарони “кӯчанамозхон”-ро агар хоҷагонашон супориш диҳанд, ба хотири фитнаи бештар афкандан ва аз дини мардум сӯистифода кардан ҳозиранд Қуръонро дар миёни кӯча оташ зананд ва боз либоси дигар пӯшида алайҳи ин амал норозигиву нооромӣ барпо намоянд. Инҳо ба дарди бедавое гирифтор шудаанд, ки номаш “дарди хиёнат” аст. Онҳо бо Иблис умумиятҳои зиёд доранд ва якеаш ин аст, ки гуноҳи онҳо нобахшиданист. Аз ин рӯ бо дарки ин маънӣ, ки онҳо аз марзи гуноҳи кабира аллакай гузаштаанд, мисли Иблис боқии умри худро дар пайи кӯшиши гумроҳсозии мардум сипарӣ мекунанд.  Агар дар ТЭТ ҲНИТ шайтонкалонҳо ҷамъ омада бошанд, пас аъзои “Гурӯҳи 24” шайтонбаччаҳои онҳоанд, ки новобаста аз номашон ҳадафҳои нопоки муштарак доранд – барҳам задани ваҳдату субот дар ҷомеа.

Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.

Дар охир месазад қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

Мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд аз сарбаландона иҷро кунем. Дар ин росто аҳли ҷомеа, хусусан аъзои фаъоли ҲХДТ-ро зарур аст чораҳои дахлдор андешида:

  • Амалу рафтори гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намоянд ва бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунанд муборизаи беамон баранд;
  • Аз роҳи фаҳмонидани оқибатҳои мусибатовари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононеро, ки ба доми чунин гурӯҳҳо афтодаанд, ё дар раванди моилшавию шомилшавӣ қарор доранд, ба роҳи дуруст баргардонанд;
  • Тавассути хонишҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ҷавонони деҳот ва махсусан он ҷавононе, ки муваққатан бекор ҳастанд ҷалб карда, бо онҳо суҳбатҳои муфид анҷом диҳанд;
  • Ҷавононро ба кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ ташвиқ намоянд;
  • Истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба ҷавонон фаҳмонанд;
  • Маҳфилҳои илмӣ-адабӣ (масалан, маҳфили “Шоҳномахонӣ”) ташкил намуда, дар баланд гардидани ҳисси худшиносии милии ҷавонон саҳм гузоранд;
  • Бо ташкили саёҳати дохилӣ ҷиҳати шиносоии ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ дар огоҳ шуданашон аз гузаштаи пурифтихори Ватан мусоидат намоянд ва ғайра.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg