БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим-омили раҳоӣ аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхис” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаварраи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхис” Аҳмадов Сайалӣ иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, оид ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки  яке аз қонунҳои нодири даврони соҳбистиқлолӣ ба ҳисоб меравад,  изҳори назар намуд.

Мавсуф афзуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим карда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Аз ин рӯ, мебояд шаҳрвандон қонуни мазкурро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро он омили асосии раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg