
Бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан – рисолати муқаддас» аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.
Ҳадафи иқдоми мазкур таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати сиёсию ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ мегардад. Дар доираи аксияи мазкур 300 адад буклетҳои тарғиботӣ вобаста ба нақш ва ҷойгоҳи Артиши миллӣ миёни сокинони шаҳри Бохтар тақсим карда шуд.


















